МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: Давраи бақайдгирии ИМД-2023 то 1 май муқаррар карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон мерасонад, ки муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур то 1 май муқаррар карда шуд. Рӯзи якшанбе – 30 апрел низ нуқтаҳои бақайдгирии довталабон фаъолият мекунанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази мазкур.
Вобаста ба ин азбаски филиал ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» рӯзи якшанбе кор намекунанд, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 тавсия медиҳем, ки маблағи хизматрасониро пешакӣ дар рӯзҳои корӣ пардохт намоянд.
Инчунин дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш аз 28 апрел то 1 май нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






