Намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ дар Деҳлии Нав мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуданд

Апрель 14, 2023 15:35

ДУШАНБЕ, 14.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар Деҳлии Нав (Ҳиндустон) таҳти раёсати ҷониби Ҳиндустон дар сиғаи пайвандӣ Ҷаласаи сарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ваколатдор шудаанд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи СҲШ хабар доданд.

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Сафарализода намояндагӣ кард.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба вазъи маводи мухаддир дар кишварҳои аъзои СҲШ, дурнамои ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва суиистифода аз он, инчунин тадбирҳои таҳкими ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зидди маводи мухаддири давлатҳои аъзои СҲШ табодули назар карданд.

Сарони ҳайатҳо омодагии худро барои дастгирӣ ва таҳкими низоми байналмилалии назорати маводи нашъаовар дар асоси се конвенсияи асосии СММ оид ба маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ намуданд.

Инчунин сарони ҳайатҳо ҷонибдории худро баҳри густариши минбаъдаи ҳамкории муассир дар доираи Созишномаи байни давлатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои гуногуни психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, Стратегияи зидди маводи мухаддири давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2018-2023, Барномаи амал оид ба татбиқи он, инчунин Консепсияи СҲШ оид ба пешгирии суиистифода аз воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҳамчун воситаи асосии ҳамоҳангсозии кӯшишҳои давлатҳо изҳор доштанд.

Дар анҷоми ҷаласа ҷонибҳо ҳайати гурӯҳҳои кории Ҷаласаи сарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ-ро, ки дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ваколатдор шудаанд, тасдиқ намуда, лоиҳаи Стратегияи зидди маводи мухаддири давлатҳои аъзои СҲШ барои солҳои 2024-2029 ва Барномаи амал оид ба татбиқи онро баррасӣ намуданд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Котиботи СҲШ

Апрель 14, 2023 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд