Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ шинос гардиданд

Апрель 26, 2023 08:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд ва ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бунёди шуъбаи таваллуд дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо 80 кат барои қабули шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Масоҳати бинои шуъбаи таваллуд 1325 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз се ошёнаву таҳхона ва 62 ҳуҷра, аз ҷумла шуъбаи таваллуд, амрози занона, бемориҳои гуногун, маркази таъҷилӣ, нақшавӣ ва ҷарроҳӣ иборат аст.

Ҳамчунин барои беҳтар кардани шароити корӣ дар шуъбаи таваллуд бунёди толори маҷлис, шуъбаи рентгенологӣ ва ошхона ба нақша гирифта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи иншооти соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону сохтмончиён барои иҷрои босифату саривақтии корҳо дастуру супориш доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд.

Фармоишгари бунёди иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Корезлоиҳа” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Наврӯз-01” буда, он дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ мегардад.

Тибқи лоиҳа, Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад. Марказ дар масоҳати 0,93 га ҷойгир шудааст.

Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ бо харҷи 4 миллиону 684 ҳазору 870 доллари америкоии маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд бунёд мешавад.

Дар айни ҳол бо ҷалби кормандони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён дорад ва дар нақша аст, ки иншооти муҳими соҳаи тандурустӣ дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ соли 2024 бо тарҳи зебову замонавӣ ба истифода дода шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарону мутахассисон ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷоми корҳо ва мавриди истифода қарор додани Маркази саломатии бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардида истодааст.

Беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Данғара бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ, дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхису табобат ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин мегарданд.

Ҳамаи ин пешравиҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Шуъбаи таваллуд ва боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази саломатии бисёрсоҳавии ноҳияи Данғара 26.04.2023

Апрель 26, 2023 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштирокдорони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус суҳбатҳо анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот намуданд