РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон ҷонибдори истифодаи сарфакоронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он мебошад

Апрель 30, 2023 10:21

ДУШАНБЕ, 30.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси СММ оид ба захираҳои об, ки аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, имконияти бузургро барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 фароҳам овард. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баромад намуданд.

Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад ва конфронси таърихӣ унвон шуд, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба муҳимияти масъалаҳои обу иқлим дар ҳаёти башарият ҷалб намуд. Суханрониҳои пур аз даъват ва иқдомоти башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баланд ва дигар чорабиниҳои марбут ба он аз нав ҷомеаи ҷаҳониро оид ба пайомадҳои ногувори норасоии оби нӯшокӣ ва тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъдаи ҳаёти инсоният ҳушдор дода, тамоми давлатҳои сайёра, ташкилоту созмон ва ниҳодҳои дахлдори минтақавию байналмилалиро ба тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуд. Дар бораи нақши Тоҷикистон дар ин конфронс, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ  муовини сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашраф Кабиров зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар»  ибрози назар намуд.

-Дар бораи таассуроти худ  аз Конфронси оби СММ сухан мегуфтед.

-Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ҳамчунин Конфронси оби СММ ном бурда мешавад, конфронси хотирмону таърихӣ буд. Ҳам аз лиҳози он ки тӯли қариб 50 соли охир дуюмин Конфронси СММ бахшида ба масоили об мебошад ва ҳам аз лиҳози он ки интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нитиҷаҳои ин конфронс бениҳоят зиёд аст.

Мояи ифтихор ва шарафмандист, ки ин чорабинии таърихӣ, ки атрофи масъалаи об тамоми ҷаҳонро гирд овард, дар асоси яке аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид ва онро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Подшоҳии Нидерланд ҳамраисӣ намуд.

Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор гузошт.

Аз ҷониби давлате, ки аз захираҳои оби тоза бой аст, пешниҳод гардидани ин гуна ташаббусҳо эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонро нисбат ба Пешвои миллат ҳамчун роҳбари оқилу дурандеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масоили марбут ба обу иқлим, ки дар айни замон тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, боз ҳам зиёдтар намуд.

Конфронси СММ оид ба масоили об алоқамандии обро бо дигар соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёт иброз намуда, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба пос доштан ва ҳифз намудани он даъват намуд. Ҳуҷҷати ниҳоии конфронс Рӯзномаи амал дар соҳаи об ном гирифта, уҳдадориҳои кишварҳо, ташкилоту созмонҳои байнамилалӣ, дар маҷмуъ тамоми ҷонибҳои манфиатдорро дар бар мегирад ва ба иштироки минбаъда ҷиҳати бартараф ва пешгирӣ намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳои табиӣ мусоидат менамояд.

Оё Конфронси мазкур ба ҳамбастагии талошҳо ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои вобаста ба об дар ҷаҳон ва минтақаи мо мусоидат мекунад?

Конфронси СММ оид ба захираҳои об аз дигар конфронсу саммитҳо, нишасту чорабиниҳо бо он фарқ менамояд, ки яке аз принсипҳои Конфронси СММ «ба амал нигаронида шудан» мебошад. Баъд аз ҳамкории зиёду  дарозмуддат ва гуфтушуниду ҳамоҳангсозӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамчун ҳамраисони Конфронс,UNDESA ва UN-Water ҳамчун котиботи конфронс се принсипи асосии конфронсро муайян намуданд, аз ҷумла фарогирандагӣ, байнисоҳавӣ ва ба амал нигаронидашуда будан.

Дар раванди омодагӣ бо истифода аз майдонҳои чорабиниҳои глобалӣ ва дар доираи худи конфронс ҳамраисон ҷомеаи ҷаҳонро ба қабул намудани уҳдадориҳо дар самти бартараф намудани мушкилоти соҳаҳои обу иқлим даъват менамуданд. Билохира дар доираи конфронс зиёда аз 700 уҳдадорӣ аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ, ташкилоти байналмилалию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, олимон, бахши хусусӣ, ҷавонон ва ғайра қабул гардид, ки ба Рӯзномаи амал дар соҳаи об ворид карда шуда, раванди амалисозии онҳо аз ҷониби СММ таҳти назорат гирифта мешавад. Ҳар яке аз уҳдадориҳо то муҳлати муайян ва барои ба даст овардани амалу натиҷаи муайян гирифта шудааст. Бинобар ин раванди татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи об дар се ҳамоиши байналмилалӣ, аз ҷумла Саммити  ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва ҳамчунин тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, Раванди оби Душанбе ва дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид пайгирӣ карда мешавад. Бо назардошти гуфтаҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки конфронс ба ҳалли мушкилоти об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

-Ба андешаи Шумо ин конфронс симои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ гуна нишон дод ва чӣ таъсир гузошт?

-Тоҷикистон як давлати ҷавон ва аз лиҳози ҳудуди ҷуғрофӣ бениҳояд хурд мебошад. Ба монандаш дар харитаи ҷаҳон зиёд кишварҳое ҳастанд, ки аз буданашон миллионҳо нафар огаҳӣ надоранд. Бо шарофати ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардидааст ва онро ҳамчун давлати пешсаф дар пешбурди масоили обу иқлим нағз мешиносанд.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон, ки дар СММ бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфт ва моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи навбатии худро дар хусуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул кард, мақоми давлати моро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.

То имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони чандин конфронсу саммит ва чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд буд, вале ин навбат Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси СММ оид ба захираҳои об ба шумор мерафт, ки тамоми ҷаҳонро дар як нуқта барои ҳалли мушкилоти марбут ба об ҷамъ овард.

Президенти Ассамблеяи генералии СММ Чаба Короши дар суханронии худ дар маросими пӯшидашавии конфронс саҳму манфиати ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ қайд намуда, давлати моро барои баргузор гардидани ин конфронс саҳмдори асосӣ ном бурд. Ин аз эҳтироми баланд ва боварии СММ дар симои Президенти Ассамблеяи генералӣ нисбат ба давлати  мо шаҳодат медиҳад.

Тоҷикистон ба сифати давлати манбаи обҳои минтақавӣ ҳамзамон ҷонибдори истифодаи сарфакаронаву оқилонаи об дар минтақа ва берун аз он баромад мекунад. Бинобар ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ҳамаи ташаббусҳои мо дастоварди бузург ба шумор меравад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамраисӣ дар ин Конфронси таърихии СММ симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсияти Президенти Тоҷикистонро ҳамчун шахси дурандешу башардӯст барои тамоми ҷаҳон ошнотар намуда, обрӯю эътибори тоҷиконро баландтар хоҳад бардошт.

Имрӯз мо оид ба ҳамкории кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи об cухан меронем. Ин ҳамкорӣ аз чӣ иборат буда, бо кадом роҳҳо  мушкилоти бавуҷудомада,  бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ бартараф карда мешавад?

Имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногуни экологӣ қарор дорад, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад. Обшавии босуръати пиряхҳо, чӣ дар Арктикаву Антарктида ва чӣ дар қитъаҳои қоравии сайёра намунаи возеҳи ин зуҳурот мебошад.

Аз тарафи дигар, афзоиши босуръати шумораи аҳолии ҷаҳон ба зиёдшавии талабот ба об оварда мерасонад. Ин ду омил боиси он гардид, ки дар панҷ даҳсолаи охир нишондиҳандаҳои таъмини об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон қариб дуюним баробар ва дар минтақаҳои алоҳидаи олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ зиёда аз чор баробар паст шудааст.

Гузашта аз ин, тағйирёбии иқлим сабаби афзоиши бесобиқаи офатҳои табиии марбут ба об гардида истодааст. То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.

Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд. Маҳз ба ин хотир дар раванди омодагӣ ба конфронс мо бо Подшоҳии Нидерланд ва шариконамон аз  Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи асосиро ба гирифтани уҳдадориҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба амалҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди марбут ба об равона намудем.

Вобаста ба ин, дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар раванди омодагӣ ба конфронс  нақши калидӣ дошт, Рӯзномаи амал дар соҳаи обро муаррифӣ кардем.

Албатта, натиҷа муҳимтар аст. Аз ин рӯ, бо мақсади назорати пайвастаи раванди татбиқи уҳдадориҳо, аз ҷумла Рӯзномаи амал дар соҳаи об зарур аст, ки конфронсҳо ва дигар ҳамоишҳои Созмони Милали Муттаҳид мунтазам доир шаванд.

Бо назардошти ин мо пешниҳод намудем, ки “Раванди оби Душанбе” ҳамчун платформаи пайгирӣ васеъ истифода карда шуда, ҷиҳати рафъи мушкилоти марбут ба об барои дастгирӣ аз кишварҳои камтараққӣ ва рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ ҳаҷми сармоя ва маблағгузорӣ афзоиш дода шавад.

Ҳамзамон пешниҳод карда шуд, ки Конфронси навбатии СММ оид ба масъалаҳои об соли 2028 дар ҷамъбасти Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2023 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалӣ оид ба масоили обу иқлим ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об даъват намуд
Вазирони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масоили обу иқлимро баррасӣ намуданд
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ таъкид шуд
Натиҷа ва тавсияҳои Конфронси оби Душанбе дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 нақши муҳим мегузорад
Дар Ню-Йорк муколамаи интерактивии сатҳи баланд оид ба энергияи устувор баргузор шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм муаррифӣ шуданд
Дар маҷаллаи «DIVA International Diplomat»-и Швейтсария оид ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон мавод ба нашр расид