РОҲИ САФЕД БА «КОРВОНИ ДӮСТӢ»! Иштирокчиёни мусобиқаи VI байналмилалии автомобилӣ ба роҳ баромаданд

Апрель 26, 2023 16:21

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни мусобиқаи VI байналмилалии автомобилии «Корвони дӯстӣ», ки аз ҷониби Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон ташкил карда шудааст, 25 апрел аз шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ба роҳ баромада, қаламрави панҷ давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистонро убур хоҳанд кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Маросими оғози мусобиқа пуршукуҳ доир шуда, созмондиҳандагони он меҳмонон ва ширкаткунандагонро бо чеҳраҳои болида, суруду мусиқии тоҷикӣ, садои дафу дойра, карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд. Дар назди ҳозирин муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои байниҳукуматии роҳсозони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ба иштирокчиёни роҳпаймоӣ роҳи сафед ва муваффақият орзу намуданд.

Роҳпаймоии VI байналмилалии автомобилӣ дар асоси қарорҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, ки дар ҷаласаҳои 43-45-уми Шӯро аз 24 июни соли 2019 дар шаҳри Братиславаи Словакия, 10 сентябри соли 2020 дар шаҳри Саратови Русия ва 9 декабри соли 2022 дар шаҳри Москваи Русия қабул шудааст, инчунин тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Шӯро барои соли 2023 гузаронида мешавад.

Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон аз созмондиҳандагони роҳпаймоии байналмилалии автомобилӣ буда, он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эрон ва Арманистон доир мегардад.

Роҳпаймоии автомобилӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон- аз шаҳри Душанбе оғоз меёбад. Сипас, мошинҳо дар масири Айнӣ — Панҷакент — марзи Тоҷикистон бо Узбекистон — Самарқанд — Навоӣ — Бухоро — марзи Узбекистон бо Туркманистон — Туркманобод — Мари — Ашқобод — марзи Туркманистон бо Эрон — Машҳад — Тӯс — Нишопур — Гургон — Сори — Теҳрон — Табриз – марзи Эрон бо Арманистон — Мегри — Капан – Ереван ҳаракат менамоянд. Тӯли умумии мусобиқаи байналмилалии автомобилӣ тақрибан 4000 километрро ташкил медиҳад.

Роҳпаймоӣ 10 май дар пойтахти Арманистон- шаҳри Ереван ба поён мерасад.

Дар ҷараёни роҳпаймоӣ ба иштирокдорони он ҷом, медал, диплом, шаҳодатномаҳо, инчунин мукофотҳои Шӯрои байниҳукуматии роҳсозон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва идораю созмонҳои соҳавию ҷамъиятӣ, ки роҳпаймоии байналмилалии автомобилиро дастгирӣ мекунанд, супорида мешавад.

Роҳпаймоии автомобилӣ (автопробег/peleton) аз шумораи зарурии мошинҳо иборат аст ва ҳаракат дар масири пешакӣ муқарраршуда мегузарад. Мошини аввал ҳаракати худро бо дигарон ҳамоҳанг ва ҳаракати бехатарро дар роҳҳои мошингард таъмин хоҳад кард. Дар масири ҳаракат нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва таваққуфгоҳҳои автомобилӣ пешакӣ муайян карда шудаанд. Дар мошинҳо парчами давлатҳои иштирокчии роҳпаймоии байналмилалӣ насб карда мешавад.

Ҳадаф аз ташкили роҳпаймоии автомобилӣ пойга ё мусобиқа набуда, бо риояи тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гузаронида мешавад. Мақсади асосӣ омӯзиши ҳолат, мушкилот ва рушди роҳҳои байналмилалии автомобилӣ, коҳиш додани монеаҳо дар роҳи ҳаракати нақлиёт ва мусофирон аст.

Дар давлатҳое, ки аз қаламрави онҳо хатсайр мегузарад, бехатарии иштирокчиёнро хадамоти милитсия (политсия) ва “Ёрии таъҷилӣ”-и тиббӣ таъмин мекунад.

Дар асоси натиҷаҳои роҳпаймоии автомобилӣ ва конфронсҳои байналмилалӣ омода кардани гузориши ниҳоӣ ва чопи силсиламақолаҳо бо таҳлили мушкилоти асосӣ ва тавсияҳо оид ба такмили роҳҳои байналмилалии автомобилӣ, нақлиёти байналмилалии автомобилӣ ва расмиёти убури марзҳо дар масири автопробег ба нақша гирифта шудааст. Илова бар ин, китоби алоҳида мунташир ва маҷаллаю видеофилмҳо омода карда, пешниҳодҳо оид ба беҳдошти ҳолати роҳҳои хатсайри ройпамоии байналмилалӣ таҳия карда мешавад.

Роҳпаймоии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҳамкорӣ бо ташкилоти ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ васеъ карда шавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2023 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд