Сайёҳони эронӣ аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Кӯлоб дидан карданд
КӮЛОБ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел ҳайати 70-нафараи сайёҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри бостонии Кӯлоб, ки бо шаҳри Ҳамадони Эрон бародаршаҳр мебошад, ташриф овард. Ҳайатро намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва бахши сайёҳии минтақа ҳамроҳӣ карданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ додааст.
Пазироии самимӣ, ҳамдилӣ ва табиати нотакрори мавзеъҳои Тоҷикистон, бахусус шаҳри Кӯлоб, ки дар ин фасли сол басе назаррабо мебошад, мояи хушҳолию қаноатмандии меҳмонони эронӣ гардид. Меҳмонон изҳор доштанд, ки шиносоиии воқеӣ бо таъриху фарҳанги ҳамдигар ва ба роҳ мондани чунин барномаҳои сайёҳӣ метавонад иртиботи давлатҳоро мустаҳкам созад.
Тавре сайёҳи эронӣ Атоиёни Фармонфармоӣ иброз дошт, «Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои биҳиштосо буда, бахусус меҳмоннавозӣ ва мавзеъҳои таърихии он касро ба ваҷд меорад. Мо дар бозгашт мардуми Эронро даъват мекунем, ки ҳатман аз манзараҳои зебо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон баҳраманд гарданд».
Дар баробари шиносоӣ бо мавзеъҳои назаррабои шаҳри Кӯлоб ва сайр дар гулгаштҳои ин диёри таърихӣ сайёҳони эронӣ зиёрати оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадониро ба ҷо оварда, ба эҳтирому гиромидоште, ки мардуми Тоҷикистон ба ин файласуфи Машриқзамин доранд, арҷ гузоштанд.
Ин ҳайат тавассути 27 мошини махсуси сайёҳӣ, ки дар он шароити муносиби фароғату истироҳат фароҳам оварда шудааст, аз Тоҷикистон боздид намуд. Сафари сайёҳон чанд рӯзи дигар идома меёбад ва меҳмонон тасмим гирифтаанд, ки аз мавзеъҳои таърихию тамошобоби пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон дидан намоянд.
Зимни сафар ба сайёҳон дар бораи зарфияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати нодир, кӯҳҳои баланд ва дигар намудҳои сайёҳии мамлакати мо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар самти сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, саёҳатӣ, таърихию фарҳангӣ ва агротуризм маълумот дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






