Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд

Апрель 26, 2023 08:25

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда, дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён, хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии донишгоҳ аз 4 иншоот иборат буда, барои 900 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Бинои асосӣ аз 71 синфхона, 255 ҳуҷраи корию ёрирасон иборат буда, барои истифодаи кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ нигаронида шудааст.

Дар ин ҷо ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо 1200 ҷойи нишаст, китобхона, толори электронии китобхонӣ бо 80 ҷой, таҳхона барои нигаҳдории китоб, ошхона бо 300 ҷой нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта мешавад.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП” ва пудратчии асосӣ ҶСК “СТС иншоот” мебошад.

Дар айни ҳол дар корҳои сохтмонӣ беш аз 200 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудааст.

Бояд гуфт, ки ҷараёни корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта мешаванд.

Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосӣ, бинои таълимии рақами як ва ошхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара имсол дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара аз соли 2016 фаъолият дорад ва дар он айни ҳол 2250 донишҷӯ дар 3 факултет таҳсил дорад.

Баъди бунёди ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва таъсиси кампус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон барои таҳсили бештар аз 5000 донишҷӯ шароит фароҳам оварда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки 17 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён аз таҳхона, 9 ошёна ва 133 ҳуҷра барои истиқомат бо 800 ҷойи хоб иборат мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти нав ҷиҳати истиқомат, дарстайёркунӣ ва фароғат барои донишҷӯён беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

5 ноябри соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Биноҳои таълимии Коллеҷи тиббӣ дорои 75 синфхонаи таълимӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд.

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара 26.04.2023

Апрель 26, 2023 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд