ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, чоршанбе, 109- умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 19, 2023 08:00

19 апрели соли 2014 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея дар робита ба ғарқ шудани киштии мусофирбари «Севол» дар соҳили ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Корея, ки боиси  ҳалокати нафарони зиёд гардид, барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

19 апрели соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  тасдиқ карда шуд. 

19 АПРЕЛ:

Дар Русия- рӯзи нашриёт.

РӮЙДОДҲО:

19 апрели соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо баррасӣ намуданд.

***

19 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

***

19 апрели соли 2016 дар машқгоҳи Маркази таълимии «Марғоб»-и Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин машқҳои муштараки махсуси қувваҳо ва воситаҳои иктишофии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  «Ҷустуҷӯ-2016» оғоз гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 бино ба натиҷаҳои назарсанҷиҳои Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ғуломҳайдар Ғуломалиев -соли 1961— хореограф, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

***

Дӯстмурод Алиев— соли 1950 — овозхони тоҷик. Ҳофизи халқии Тоҷикистон

***

Зайналобуддин Кобулӣ-соли   1962, — доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш