ТАВАҶҶУҲ! Аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳаракати тамоми воситаи нақлиёт маҳдудият ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 12.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ барои тамоми воситаи нақлиёт маҳдудият ворид карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, баҳри татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров марҳила ба марҳила (аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) маҳдудият ворид карда мешавад.
Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки бо назардошти муваққатан маҳдуд гардидани қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД ВА БЕХАТАР. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ — МАРКАЗИ ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ. Ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон эҳдо мегардад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






