ТАВАҶҶУҲ. Дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 апрел дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ (дар масофаи 0,4 км) ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт қатъ гардида, муваққатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари ба ин масир фаъолияткунанда тағйирот ворид мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз ҷумла, ба хатсайри автобусии №81 ва хатсайрҳои микроавтобусии №№ 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ба роҳ монда мешавад.
Тағйироти мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи мошингарди кӯчаи Соҳилӣ (дар масофаи 0,4 км) ба роҳ монда шудааст.
Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода баранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






