ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ. Андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Нуъмон Абдуғаффорзода доир ба мавзуъ

Апрель 26, 2023 08:27

ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳандозии инноватсия дар истеҳсолот, аз ҷумла робитаи илм бо истеҳсолот дар равандҳои муосири рушди иқтисодиву тиҷоратӣ аз рукнҳои муассир маҳсуб шуда, таҷрибаи чандинсолаи давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта, ки бо танзими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ онро ба низоми муҳими таконбахши маҷмуи рушди истеҳсолот табдил додаанд, инро собит месозад. Қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ин самти фаъолият имкон фароҳам меорад, ки дар ин бахши муҳим заминаҳои устувори ҳуқуқӣ баҳри рушди босубот фароҳам оварда шавад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат бори нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» таҳия ва он 24 декабри соли 2022 қабул карда шуд. Вобаста ба қонуни мазкур ва нақши он дар робитаи илм бо истеҳсолот андешаҳои роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуғаффорзодаро манзури хонандагони АМИТ «Ховар» мегардонем.

 — Воқеан, соҳаи илм, бахусус пайвасти илм бо истеҳсолот дар сиёсати давлатӣ аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ин ҷода якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015», «Қоидаҳои ташаккул, экспертиза, тасдиқ, маблағгузорӣ ва иҷрои барномаву лоиҳаҳои илмӣ ва илмиву техникӣ» ва як силсила санадҳои дигар қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, ки ба рушди соҳаҳои мазкур такони нав бахшид.

Дар баробари ин, бо назардошти муҳимияти масъала барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва бо мақсади ба таври васеъ дар истеҳсолот истифода намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар ҷаласаи 21-юми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ  супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” таҳия карда шавад. Аз ҷониби сохторҳои марбута бо ҷалби масъулин ва мутахассисони соҳа бори аввал дар ҷумҳурӣ ин қонун таҳия гардида, 24 декабри соли 2022 қабул карда шуд. Қонуни мазкур  муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ танзим намуда, ба истифодаи самараноки натиҷаҳои фаъолияти мазкур дар раванди истеҳсолот равона шудааст. Он механизми маблағгузории корҳоро вобаста ба роҳандозӣ намудани инноватсия дар истеҳсолот фарогир мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки сиёсати давлатӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ барои дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, роҳандозӣ намудани молҳои нав ё такмилдода, саноатикунонии босуръат ва афзоиши истеҳсоли молҳои нави ватанӣ, рушди робитаи илм бо амалия тавассути ҳавасмандгардонии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, рушди ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва афзун намудани маблағгузории соҳаи илм равона гардидааст.

Ҳукумати мамлакат тадбирҳои давлатии ҳавасмандгардонӣ ва дастгириро ба субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ пешниҳод менамояд. Ҷудо кардани грантҳо барои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, мусоидат ба ташкили истеҳсолоте, ки истеҳсоли маҳсулоти баландсифати технологӣ ва технологияҳои навро дар асоси ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мекунанд, ташкили барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои субъектҳои самти тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумлаи тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар ин самт мебошад.

Тибқи қонуни қабулгардида, марказҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ таъсис дода мешаванд.

Мақсади таъсиси чунин марказҳо расондани маҷмуи хизматрасонӣ оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ ва арзёбии технологияҳо барои тиҷоратикунонӣ, тадқиқоти маркетингӣ, пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ташкили ҳамкории субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ, бахши хусусӣ ва бастани шартномаҳои тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо назардошти аҳамияти соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ, маблағгузории ин соҳаҳои ҳаётан муҳим аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо батадриҷ афзоиш меёбад.

Дар ин раванд солҳои охир дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ паркҳои технологӣ таъсис дода шуда, донишҷўёну омўзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шудаанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки паркҳои технологӣ шакли муосири ҳамгироии илм ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо мақсади вусъат бахшидани тадқиқот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмию техникӣ ва технологӣ тавассути фаъолияти мутахассисони ташаббускор, доираҳои академикӣ, истифодаи васеи базаи истеҳсолӣ, таҷрибавӣ ва иттилоотӣ созмон дода мешаванд. Ба истилоҳи дигар, паркҳои технологӣ маконеанд, ки мутахассисони болаёқат идеяҳои худро ба кори амалӣ табдил медиҳанд. Дар ҳамаи давлатҳои рушдёфта паркҳои технологӣ ҳамчун унсури калидии инфрасохтори иқтисодиёти муосири инноватсионӣ хизмат мекунанд.

Таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла парки технологияҳои иттилоотӣ метавонад дар ояндаи наздик дар ҳалли чунин масъалаҳои глобалӣ, аз қабили таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ; ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ; дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳо/моделҳои тиҷоратии нав (Startup), афзоиши ҳиссаи технологияҳои инноватсионӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ки ба мамлакат  сармояи дохиливу хориҷӣ ҷалб мекунад, ҳамачониба мусоидат кунад.

Мавриди тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ қарор дошта, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар ҷараёни саноатикунонии босуръати мамлакат таъмини пайванди самараноки илму истеҳсолот муҳим буда, истифодаи васеи технологияи муосир ва дастовардҳои илмию инноватсионӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ омили муҳими саноатикунонии босуръат маҳсуб мешавад.

Агар ба таҷрибаи ҷаҳонӣ назар афканем, меъёрҳои танзими фаъолияти навоварона дар Фаронса мувофиқи қонун дар бораи навоварӣ ва тадқиқоти илмӣ (Loi surinnovation innovation et de la recherche), ки соли 1999 қабул шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Дар Ҷопон ташкилот дар асоси қонун «Дар бораи тиҷорати хурд ва миёна», ки соли 1999 қабул гардидааст, амал менамоянд.

Дар ИМА соли 1982 санади рушди инноватсионии бизнес қабул гардида буд, ки то имрӯз дар доираи он фаъолияти навоварӣ ва тиҷорати навоварии субъектҳои хоҷагидорӣ ба танзим дароварда мешавад.

Дар Бразилия тиҷоратикунонии навоварӣ тавассути “Қонуни беҳтарин” (Good Law) (2005) ва қонун “Дар бораи навоварӣ” (Innovation Law), ки соли 2006 қабул гардидааст, танзим карда шуда, механизми пешниҳоди ҳавасмандгардонии молиявӣ ва андозӣ ба корхонаҳои навовар муайян мегардад.

Заминаи ҳуқуқии фаъолияти навоварӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси қонун “Дар бораи оммавикунонии илм ва техника”(Law of the People’s Republic of China on Popularization of Science and Technology), ки соли 2002 қабул гардидааст, гузошта шудааст.

Дар чаҳорчӯбаи қонунҳои қабулгардида дар давлатҳои номбурда барномаҳои гуногуни миллӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.

Яке аз барномаҳои беҳтарин- ин барномаҳои Тадқиқоти навоварии бизнеси хурд (SBIR) ва Барномаи технологияҳои тиҷорати хурд (STTR) мебошад, ки тақрибан 30 сол пеш дар ИМА коркард ва амалӣ гардонида шудааст.

Барномаи шведии “Ҳалқаи пайвасткунандаи навоварӣ” («Инновационный мост» (The Innovation Bridge)) ба дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаи тадқиқоти илмӣ равона шудааст.

Барномаи «Ҳавасмандгардонии тадқиқот дар соҳаҳои афзалиятнок» (Intensification of Research in High Priority Areas IRHPA) дар Ҳиндустон ба дастгирии коркарди навовариҳои стратегии рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат нигаронида шуда, дар шакли баргузории озмунҳо байни корхонаҳо ва донишгоҳҳо татбиқ мегардад.

Гузариш ба меъёри инноватсионии иқтисодиёти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи наздик барои таъмини бомароми навъи инноватсионии рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва низоми самараноки рушди устувори иқтисодӣ заминаи асосӣ мегузорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуданд: «Мо инкишофи устувори минбаъдаи мамлакатро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконият дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамоем ва ҷиҳати роҳ надодан ба осебпазирии иқтисоди миллии мамлакат дар давраи дарозмуҳлат тадбирҳои алоҳидаро амалӣ карда истодаем».

Бо итминон метавон таъкид намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ” барои дар истеҳсолот мунтазам роҳандозӣ намудани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ ва дар ин замина истеҳсоли васеи маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши иловашудаи баланд, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши молу маҳсулот ва афзоиши содирот такони нав мебахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Апрель 26, 2023 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид