Хадамоти гумруки Тоҷикистон: дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро сурма ва маҳсулоти он дар ҳаҷми 30,4 фоиз ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба 4 миллиарду 746,8 миллион доллар баробар гардида, дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 80,1 фоиз ва содирот 19,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Хуршед Каримзода 7 август зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 3,8 миллиард доллар молу маҳсулот ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба маблағи 326,7 миллион доллар ё 9,4 фоиз зиёд мебошад. Содирот ба 943,2 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 53 миллион доллар ё 5,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро сурма ва маҳсулоти он дар ҳаҷми 30,4 фоиз (286,5 миллион доллар), маъданҳо ва консентратҳо — 26,9 фоиз (253,4 миллион доллар), алюминийи коркарднашуда — 12,8 фоиз (120,5 миллион доллар), нахи пахта — 5,8 фоиз (54,7 миллион доллар), маҳсулоти меваю сабзавот — 3,4 фоиз (32,5 миллион доллар), ресмони пахтагӣ — 1,4 фоиз (13,6 миллион доллар), ангиштсанг — 1,1 фоиз (10,4 миллион доллар, семент — 1,0 фоиз (9,8 миллион доллар) ва пӯст — 0,2 фоиз (1,6 миллион доллар) ташкил медиҳанд.
Хуршед Каримзода иброз дошт, ки нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2024 содироти мол ба кишварҳои Ҳолланд ба маблағи 262,7 миллион доллар, Узбекистон 27,6 миллион доллар, Чин 24,7 миллион доллар, Туркия 16,4 миллион доллар, Белгия 7,6 миллион доллар, Покистон 5,6 миллион доллар ва Қирғизистон 1,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар ин давра содироти мол ба давлатҳои Қазоқистон 79,1 миллион доллар, Эрон 8,3 миллион доллар, Русия 5,3 миллион доллар ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,3 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






