Тоҷикистонро дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо 13 паҳлавон муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо дар байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур байни наврасон 274 варзишгар аз 10 давлат ва дар байни ҷавонон 283 варзишгар аз 9 давлат ширкат мекунад. Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон аз байни наврасон 7 варзишгар ва аз байни ҷавонон 6 варзишгарро ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мефиристад.
Қобили тазаккур аст, ки Ҷоми кушоди Осиё оид ба гӯштини ҷудо байни наврасону ҷавонон тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16 вазн байни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн — духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн — духтарон) баргузор мешавад. Варзишгарони мо танҳо дар байни писарон рақобат мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Ҷоми Осиё – Алмаато инҳоянд: Меҳроҷиддин Гадоев дар вазни то 50кг, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55кг, Ворис Назаров дар вазни то 66кг, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73кг, Исмоил Бурҳонов дар вазни то 81кг, Баҳоваддин Сулаймонов дар вазни то 90кг ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +90кг (байни наврасон).
Дар байни ҷавонон Саъдӣ Маҳмадов дар вазни то 60кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муаррифӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё байни наврасон ва ҷавонон оид ба гӯштини ҷудо дар сатҳи баланд баргузор гардида буд, ки дар он паҳлавонони ҷавони тоҷик соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардиданд.
Тоҷикистонро байни наврасон Фотимахон Гадоева дар вазни то 52кг, Ҷасур Лутфишоев дар вазни то 55кг, Худодод Шанбиев дар вазни то 60кг, Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев- ҳар ду дар вазни 66кг муаррифӣ карданд. Мутаассифона, мусобиқаи мазкур барои варзишгарони навраси тоҷик бо нокомӣ – бе медал анҷом ёфт.
Дар сабқатҳо дар байни ҷавонон Тоҷикистонро 8 нафар: Саидашраф Лоиқов, Абуҳанифа Қурбонбозор, Абубакр Шеров- ҳар се дар варзни то 66кг, Ҳоҷибек Мухторов дар вазни то 73кг, Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов- ҳар ду дар вазни то 81кг, Мӯҳсин Малаев дар вазни то 90кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100кг намояндагӣ карданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






