Вакилони Парлумон масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин доир гардида, дар он вакилон, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода иброз намуд, ки кафолат ва вазъи иқтисодии давлат аз истеҳсолоти дохиливу бехатарии озуқаворӣ вобастагии калон дошта, он ба ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Тазаккур дода шуд, ки мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омили аввалиндараҷа, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Ҳоло вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла норасоии он, нокифоягии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ, инчунин бемориҳои ғайрисироятии (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) бо ғизои носолими асоснокшуда боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ барои аҳолии давлатҳои алоҳида гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки мамлакатҳои дунё моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем. Қонунгузории мамлакат заминаи устувореро ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, тамоми имкониятро фаро оварда, мақомоту идораҳои дахлдор бояд татбиқи онҳоро самаранок иҷро намоянд.
Бештар аз даҳ сол аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» амал намуда, сиёсати давлатро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, чун қисми ҷудонашавандаи сиёсати амниятии давлат тибқи талабот ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» соли 2019 қабул гардид. Моҳи декабри соли 2021 дар асоси тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу хуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи хуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо», ки 28 майи соли 2021 баргузор гардида буд, ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Қонуни болозикр муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию хуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.
Бо мушкилоти ғизои носолим дар ин ё он шакл – ғизои нокифоя, норасоии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан (фарбехӣ) – амалан тамоми мамолики дунё рӯ ба рӯ мешаванд, гоҳо падидаҳои гуногуни он дар доираи як мамлакат, дар худи ҳамон як ҷамоат ва ҳатто дар худи ҳамон як одам дучор мегардад. Нисбатан бештар аз норасоии ғизо духтарони синни наврасӣ, ҳомиладорон ва занони ширмак, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоати шаҳру деҳот ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ азият мекашанд. Махсусан дар оғози ҳаёт – дар давраи аз батни модар то дусолагӣ истеъмоли ғизои камсифат оқибатҳои амиқ, бозгаштнопазир ва якумраро доро мебошад. Истеъмоли ғизои камсифат дар ин давраи муҳимтарини ҳаёт боиси хатари баланди сироят, вайроншавии саломатӣ ва дар ниҳояти кор боиси фавти кӯдакони хурдсол мегардад.
Ҳамчунин, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш намояндагони сохторҳои марбута гузориши муфассал доданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд
Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ оид ҳамкории байнипарламентии кишварҳои ИДМ иштирок намуданд
Ориф Амирзода муовини раиси Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиат дар назди Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ интихоб шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Нумон Куртулмуш мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш дар ҳузури ҳайатҳои парламентҳо мулоқот анҷом доданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нуман Куртулмуш бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
15 декабр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Ҷаласаи якуми Комиссия байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Чин доир гардид






