7 МАЙ — РӮЗИ ИХТИРОИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Он яке аз воситаҳои асосии иттилоърасон мебошад

Май 7, 2023 09:43

ДУШАНБЕ, 07.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. 7  май — Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад. Ихтирои нахустин дастгоҳи радио соли 1895 аз ҷониби физики рус Александр Попов анҷом дода шуд ва ин ихтироъ ба рушди алоқаи бесим замина гузошт.

Радио имрӯз яке аз воситаҳои фарогири расонидани иттилоот  ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.

Истиқлоли давлатӣ дар фазои иттилоотии  Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард. Зеро дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма радио низ рушд карда, дар ҷумҳурӣ шумораи радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид.

Тавре ба  АМИТ «Ховар» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 32 радио фаъолият дорад, ки аз он 10 радио давлатӣ ва 22 адад хусусӣ мебошад. Ин радиоҳо дар инъикоси воқеияти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир доранд.

Имрӯз радио ба  ҳама дастрас буда,  дар баробари дигар воситаҳои иттилоърасон байни ҷомеа мавқеи хоси худро касб намудааст, ки метавон онро тариқи телефони мобилӣ, компютер, планшет ва интернет ба таври васеъ истифода бурд.

Имрӯз  дар Тоҷикистон шабакаҳои давлатии Радиои Тоҷикистон,  «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик», «FM Ховар», радиоҳои ғайридавлатии «Азия-Плюс», «Ватан»,  «Имрӯз», «Русское Радио Ориёно»  ва чандин радиои дигар фаъолият намуда, дар пуррагардонии фазои иттилоотии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Бартарии радио аз дигар воситаҳои иттилоърасон дар он аст, ки агар шахс хоҳад рӯзнома мутолиа кунад ё  телевизор тамошо кунад, ҳатман бояд ҳамаи кори худро як сӯ гузошта, таваҷҷуҳи худро пурра ба он равона созад.  Аммо радиоро метавон дар дилхоҳ ҷой  гӯш кард ва паси кори худ шуд.

Ҳатто имрӯз радиоҳои мамлакат барои шунавандагони худ барномаҳои махсусе доранд, ки ба самтҳои мушаххас равона шудаанд. Аз ҷумла, барномаҳои зиёди ҷолибу шуниданӣ  барои ронандагон, ҳаводорони санъати мусиқӣ, иттилоотӣ, барномаҳои ҷашнӣ, тиҷоратӣ, ҳуқуқиву маърифатӣ ва  фарҳангиву варзишӣ дар радиоҳои алоҳидаи мамлакат пахш мегардад,  ки шунавандагони худро доранд.

Ба воситаи радио метавон ба ҳамдигар паём расонда, суруду мусиқии дилхоҳи худро дархост кард. Ҳатто дар замони имрӯза тариқи радио хариду фурӯш низ ба роҳ монда шудааст, ки яке аз роҳҳои муосири тиҷорат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия ба ҳар кас озодии сухан, нашр ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2023 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд