78 ХИЗМАТРАСОНИИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Кумитаи андози Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

Май 4, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ имкон дод, ки сарфи назар аз тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав пасттар гардидани меъёрҳои андозҳои алоҳида иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2022 ва чор моҳи аввали соли равон барзиёд таъмин карда шавад. Ин матлаб имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баён гардид.

Системаи андоз ва буҷет механизмҳое ба ҳисоб мераванд, ки тавассути онҳо ниёзмандиҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҳал карда мешавад. Бинобар ин, фаъолияти мақомоти андоз, ки ба таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ нигаронида шудааст, аз нигоҳи давлатдорӣ бисёр муҳим ва моҳиятнок арзёбӣ мегардад.

Имрӯзҳо мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, ки онро метавон ҳамчун давраи гузашти пурра ба рақамикунонии фаъолияти соҳа изҳор намуд. Мақсад аз мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва моҳияти он на танҳо дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии манбаъҳои андозбандӣ, созмон додани махзанҳои маълумот, балки ҳаддалимкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон, бештар ва беҳтар намудани шаклҳои хизматрасонӣ ва корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ  мебошад.

Кумитаи андоз 78 хизматрасонии давлатиро дар шакли электронӣ пешниҳод намудааст, ки аз онҳо андозсупорандагон ва шаҳрвандон самаранок истифода мебаранд. Бо истифода аз чунин хизматрасонӣ кормандони мақомоти андоз метавонанд вазифаҳои хизматӣ ва андозсупорандагон уҳдадории андозии худро шаффоф, фаврӣ, дақиқ ва бидуни сарфи зиёди вақт анҷом диҳанд.

Дар ҷаласа як зумра кормандони соҳа, ки ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд, бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти андоз» ва Ифтихорномаи Кумитаи андоз сарфароз гардонида шуда, ба онҳо рутбаҳои ғайринавбатӣ ва навбатии тахассусӣ дода шуд.

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Дар Душанбе оид ба Стратегияи рақамии дигаргунсозии системаҳои агроозуқаворӣ ҷаласа доир шуд
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бо намояндагони пешбари ширкатҳои технологии чинӣ вохӯрӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
Доир ба робитаи байни захираҳои обӣ, энергетика, озуқаворӣ ва экосистемаҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷаласа баргузор шуд
Дар Брюссел ҳамкории Тоҷикистон ва Белгия дар соҳаи андоз баррасӣ гардид
Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»
Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд
Иқтидори кишоварзию саноатии Тоҷикистон дар «Dushanbe EXPO Centre» ба маърази тамошо гузошта шуд

Маводҳои таҳлилӣ