ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ва ё таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст

Май 23, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 23.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ мавқеи ҷавонон дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдориашон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷавононро дар ҷомеа ва нақши онҳоро дар пешрафти соҳаҳои гуногун ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки «имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз байни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, неруи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг равона созем…».

Чунин нигоштааст доир ба ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат донишҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саддом Эгамов бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Ба андешаи мавсуф, имрӯз ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба онҳо дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Ҷавонон  чун неруи созанда ва пуриқтидори ҷомеа метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим ва дурнамои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе саҳми босазо гузоранд.

Ҳамбастагии ҷавонон ва Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбариву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ҳамчун насли шоистаи замон ва неруи созандаву тавоно таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида истодааст. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори нав ва неруи муҳими пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин намояд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат ба ин қишри аҳолӣ диққати калон медиҳад.

Ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа, неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат буда, дар замони муосир бисёр тағйироти мусбати ҷомеа аз онҳо вобаста аст. Таваҷҷуҳ ба ҷавонон – ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон, бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, пайваста изҳор медоранд, ки асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни мамлакат ба неруи ҷавонон вобаста аст.

Маҳз шароити комилан мусоид барои ҷавонон ва фароҳам овардани муҳити беҳтарини фаъолият баёнгари сиёсати устувор ва ояндабинона дар рушди давлат ва давлатдорӣ аст. Дар суханрониҳои Президенти Тоҷикистон на танҳо ба неруи созандаи ҷавонон умед баста шудааст, балки бамаврид таъкид гардидааст, ки ҷавонони мо бояд аз илмҳои замони муосир ва пешрафти техникаву технология огоҳ бошанд.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника бозгӯи таҳким бахшидани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, ки дар самти ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди илми мамлакат натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодааст. Илова бар ин, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод, бахусус олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар ҷумҳурӣ таъсиси ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ ба роҳ монда шуд, ки идомаи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Ҷавонони Тоҷикистон худро воқеан давомдиҳандаи ҳадафҳои олии роҳбарияти мамлакат ҳисобида, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд. Дар ин раванд ҷавонон барои рушду пешрафти рӯзафзуни мамлакат ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун неруи пешбарандаю такондиҳандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон фаъолияти хешро ба амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона равона месозанд.

Дар ҷомеаи имрӯза сиёсати давлатии ҷавонон ифодакунандаи иртиботи солим ва робитаи муштарак байни ҷавонон ва давлат мебошад. Вобаста ба ин маҳз аз ҷониби Сарвари давлат ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати давлатӣ ва идоракунӣ якчанд тадбирҳои самарабахш амалӣ гардидааст, ки ба фаъолияти онҳо дар мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ замина мегузорад.

Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои таҳияи сиёсати давлатии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овард. Вазифаи муҳим, пеш аз ҳама, ба ҷавонон фаҳмонидани мазмуну моҳияти истиқлолу худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамоянд: «Ҷавонони мо, пеш аз ҳама, бояд мазмуну моҳияти истиқлол, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро инҳо мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни аслии онҳо мекӯшад. Воқеан, донистани ин масъалаҳои тақдирсоз барои ҷавонон хеле муҳим аст, зеро онҳо масъулияти бунёди ҷомеаи навинро бар дӯш мегиранд, мақсаду ҳадафҳо ва роҳи пешгирифтаи моро идома медиҳанд».

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 омадааст, ки «ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».

Гуфтан ба маврид аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад.

Дар ростои ин ҳама пешрафту дастгириҳо имрӯзҳо бархе хоинони ватанфурӯш барои пораи ноне дасти хиёнат ба ватану ватанфурӯшӣ мезананд ва мехоҳанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тафаккури ҷавонони моро ба сӯйи худ кашида, аз дур зарба ба давлату Ҳукумат зананд. Боварӣ дорем, ки ҷавонони бо нангу номуси мо намегузоранд, ки хоинони Ватан ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Ҷавонони мо бо тамоми ғайрат ва неруи созанда ва нангу номуси ватандӯстонаи худ дар паҳлуи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода, ҳастию ҷавонии худро нисори Роҳбари ғамхор ва ҷавонпарвари худ мекунанд.

Саддом ЭГАМОВ,
дониш
ҷӯи факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Май 23, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд