Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд

Май 20, 2023 10:43

ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби раиси иҷроияи Комиссияи Аврупо оид  ба тиҷорат ва иқтисод Валдис Домбровски баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ҷонибҳо дар оғоз аз рушди равобит ёдовар шуда, омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, иқтисодиёт, рақамикунонӣ, энергетика ва гузариш ба иқтисоди “сабз” дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар Форуми иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 20, 2023 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад