Ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористон дар соҳаи сайёҳӣ тақвияти бештар меёбад

Май 20, 2023 13:42

ДУШАНБЕ, 20.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18-19 май дар ҳошияи Форуми Қазон 2023 «Русия – ҷаҳони ислом»  дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Камолиддин Муминзод  бо раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон  Сергей Иванов баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он имконоти фаровони сайёҳие, ки дорад, барои ҷалби сайёҳон давлати ҷолиб ба шумор меравад.

Дар ин самт бояд барои ҷалби сайёҳон аз Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.

Зимни мулоқот ҷониби Тотористон пешниҳод намуд, ки барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ Кумита метавонад бо ассотсиатсияҳои осоишгоҳҳои Тотористон вохӯрӣ анҷом диҳад.

Иброз гардид, ки вохӯрӣ бо намояндагони корхонаи Камаз ба манфиати кор буда, нархҳои муносиби осоишгоҳҳои Тоҷикистон барои кормандони ин корхонаи бузург диққатҷалбкунанда мебошад.

Ҳоло лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Тотористон дар баррасии ҷониби Тотористон қарор дорад.

Баимзорасонии санади мазкур барои тақвияти ҳамкорӣ бо ҷониби Тотористон ба манфиати кор мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки моҳи сентябри имсол дар шаҳри Душанбе баргузории Форум ва намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст.

Даъват ба амал оварда шуд, ки намояндагони Федератсияи Русия дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок намоянд. Даъват барои иштирок дар Форум ва намоишгоҳи сайёҳии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 20, 2023 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?