Баҳодур Усмонов бо медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба Ватан баргашт

Май 15, 2023 17:21

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз варзишгари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмонов ба Ватан баргашт ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо тантана истиқбол гирифтанд. Ба пешвози варзишгар роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, наздикону пайвандон ва ҳаводорони бокси тоҷик ҷамъ омаданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маросими пешвози ботантанаи ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иброз гардид, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс падидаи таърихӣ дар олами бокси тоҷик мебошад. Зеро Баҳодур дуюмин варзишгаре аст, ки соҳиби ҷоизаи чунин мусобиқаи бонуфуз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ки аз 3 то 14 май баргузор гардид, дар вазни 63,5 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 15, 2023 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад