БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир шуд

Май 20, 2023 08:39

ДУШАНБЕ, 20.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон 18 май дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.

Иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши ҷавонон дар замони истиқлол ва саҳми ҷавонони Агентӣ дар пешбурди соҳа изҳори назар намуда, аз ҷумла, таъкид доштанл, ки таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати давлатии ҷавонон таҳкиму тақвият ёбад ва ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи созанда дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

«Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардонидани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххас ба тавсиб расонид. Дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, омӯзиши касбу ҳунар ва илму маърифат фаро гирифта шуд»,-изҳор дошта шуд зимни ҳамоиш.

Тазаккур дода шуд, ки дар Агентии «Тоҷикстандарт» мақсад ва вазифаҳои дар пешгузоштаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро хуб дарк намуда, бо назардошти   дар пешрафт ва тараққиёти мамлакат саҳм гузоштани ҷавонон онҳо аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ пайваста дастгирӣ меёбанд ва ба даврҳои бозомӯзӣ, конференсияҳо ва семинарҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ҷалб мегарданд.

Намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон насли ояндасозро даъват карданд, ки ба хотири рушди Ватан ва пешрафту ташаккули он муташаккилона, бо меҳнати софдилона ва азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, дар ҷомеа ҳиссаи сазовор гузоранд.

Дар идома як зумра ҷавонони фаъоли Агентӣ бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Инчунин дар фарҷоми ҷамъомад бо мақсади тақвият додани тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ба ҳозирин оид ба муҳтаво ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тариқи рӯнамо маълумот дода шуд.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Май 20, 2023 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 50 ҳазор нафар роҳпаймоии идона доир шуд
Дар Бадахшон бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти низомӣ ва роҳпаймоии оммавӣ доир гардид