Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангиро густариш медиҳанд

Май 10, 2023 17:25

ДУШАНБЕ, 10.05.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 3-4 май дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон зимни маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ 20 санади вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба имзо расид, ки яке аз он Созишномаи  ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.

Тавре президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» иброз дошт, «барои густариши бештар додани ҳамкории муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳия намуд. Ҷонибҳо зарурати таҳким ва ташаккули робитаҳои илмии байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро иброз намуда, бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти тавсеи робитаҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ дар мавриди имзои Созишномаи мазкур ба тавофуқ расиданд».

Созишнома 4 майи соли равон ба имзо расида, барои тавсеаи ҳамкории илмии академияҳои ҳар ду давлат ва муассисаҳои илмии зертобеи онҳо заминаи мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ба ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ, амалисозии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, табодули иттилоот, нашриёт ва маводи илмӣ, ташкили конференсияҳо, симпозиумҳо, машваратҳо ва мулоқоти корӣ мусоидат менамояд.

Фарҳод Раҳимӣ афзуд, ки санади мазкур ба муҳлати панҷ сол баста шуда, агар ҳеҷ яке аз тарафҳо шаш моҳ қабл аз анҷоми муҳлати амали он тарафи дигарро дар хусуси қатъ намудани амали Созишномаи мазкур бо роҳи дипломатӣ огоҳ накунад, он гоҳ амали Созишнома худ аз худ ба давраҳои панҷсолаи минбаъда тамдид мегардад.

Роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти алоҳида ба мувофиқа расиданд, ки баъди ба имзо расидани Созишнома дар асоси он барномаҳои муштараки илмӣ, бозомӯзии кадрҳои баландихтисос, таҳия ва нашри мақолаҳои муштараки илмӣ, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, симпозиумҳо, машваратҳо, нишастҳои илмӣ ва мулоқоти кориро ба таври густурда ба роҳ монанд.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли густариш қарор дошта, имзои чандин санади муҳими ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ду мамлакат ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани муносибатҳои муштараки илмӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ  «Ховар»

Май 10, 2023 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд