Бар асари тирпаронӣ дар заводи Mercedes-Benz-и Олмон ду нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи иттилои полис, бар асари тирпаронӣ дар наздикии корхонаи Mercedes-Benz дар Зинделфингени ҷанубу ғарби Олмон ду нафар ба ҳалокат расид. Дар завод қариб 35 ҳазор нафар кор мекунад. Як марди 53 — сола вориди толори коргоҳи истеҳсолии завод дар Зинделфинген шуда, ба сӯи ду мард оташ кушод. Онҳо 44 — сола буданд, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба BBC.
Яке аз ҷабрдидагон дар ҷои ҳодиса ва дигарӣ баъдтар дар беморхона фавтидааст. Кормандони хадамоти амнияти корхона гумонбарро дастгир намуда, ба кормандони полис супурданд. Ҳангоми боздошт гумонбар муқовимат накардааст. Ӯ шарик надошт,-хабар додааст полис. Ҳодиса тақрибан соати 07:45 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






