«БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ». Дар Душанбе бори аввал чунин озмун гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 май дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат таҳти унвони «Беҳтарин барномасоз» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи номбурда хабар доданд.
Озмун аз рӯйи 2 номинатсия: барномасозӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ доир гардид, ки дар он донишҷӯёни факултети механикаю математика Қурбоналӣ Дустматзода аз рӯйи номинатсияи барномасозӣ сазовори ҷойи 2-юм ва Некрӯз Раҳимов аз рӯи номинатсияи лоиҳаҳои инноватсионӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.
Гуфта мешавад, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» бори аввал доир гардида, дар он 14 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок дошт.
Озмун ба Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида шуда, ба татбиқу тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ин восита баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона карда шудааст.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






