Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон доир гардид

Май 2, 2023 13:51

БОХТАР, 02.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.

Ҳайати меҳмонон аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ дидан намуда, ба 30 донишҷӯи ятими кулл аз номи Шӯрои ректорон планшет тақдим намуд.

Баъдан дар толори Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ таҳти раёсати муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он аъзои Шӯро — ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷаласа ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода оид ба таҷрибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати гузаштани аккредитатсияи институтсионалӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шукрулло Хайрзода доир ба таҷрибаи ҷаҳонии иҷрои рисолаҳои хатм дар раванди баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон дар ҳамкорӣ бо корфармоён ва талаботи касбӣ — тахассусӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва раиси Шӯрои ректорон Маҳмадшоҳ Гулзода оид ба натиҷагирӣ аз раванди интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоту олии касбӣ аз ҷониби довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.

Инчунин якчанд масъалаи марбут ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Баъди анҷоми ҷаласа ҳайати меҳмонон аз Мавзеи таълимию таҷрибавии «Зағертут»-и назди донишгоҳ дидан намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар

Май 2, 2023 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд