Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор шуд

Май 12, 2023 13:21

ДУШАНБЕ, 12.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро – роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин намояндагони шарикони рушд иштирок намуда, ҳисобот оид ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои​ 2021-2023 ва дархости вазорату идораҳо оид ба талабот ба кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд баррасӣ гардид.

Иброз гардид, ки низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол такмил ёфта, саҳми шарикони рушд дар татбиқи ислоҳоти гуногунҷанба назаррас мебошад.

Дар ҷаласа вобаста ба иҷрои Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023, аз ҷумла корҳои анҷомдода ва мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин ҷалби кумакҳои техникӣ аз ҷониби шарикони рушд маълумот манзур карда шуд.

Аъзои Шӯро вобаста ба​ таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъда, инчунин муайян намудани тадбирҳои муосир барои амалӣ намудани Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2023 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад