Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ таҳти унвони «Абурайҳони Берунӣ – кашшофи асрори табиат» дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории Симпозиум баррасии ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иҷтимоии осори Абурайҳони Берунӣ ва саҳми ӯ дар тамаддуни башарӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар он олимони маъруфи шарқшинос, муаррихон, фарҳангшиносон, забоншиносон, адабиётшиносон, диншиносон, сиёсатшиносон, устодони донишгоҳҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намоянд.
Дар кори симпозиум иштирокчиён дар мавзуъҳои «Нақши Абурайҳони Берунӣ дар пешрафти илмҳои ҷаҳонӣ», «Даврони Абурайҳони Берунӣ ва рушди илм», «Мероси табиатшиносии Абурайҳони Берунӣ ва илми муосир», «Равишҳои муосир stop-depression-meds.com осори Абурайҳон Берунӣ», «Нусхаҳои хаттии осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон», «Таҳқиқу нашри осори Абурайҳони Берунӣ дар Тоҷикистон» ва «Абурайҳони Берунӣ ва тамаддуни муосири ҷаҳонӣ» маърӯзаҳои хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи муштараки Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир ба 1050-солагии зодрӯзи олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






