Дар Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад

Май 17, 2023 08:36

ДУШАНБЕ, 17.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 май таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Форуми Созмони ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки ба мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-тадқиқотии давлатҳои аъзои СҲШ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак доир ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технологияҳои нав ва ғайра равона шудааст.

Форуми мазкур соли 2006 таъсис ёфта, аз ҳар давлати аъзо як маркази муҳимми таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол як маркази миллии таҳлилии давлати аъзо ба зимма мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Аз замони таъсис то имрӯз таҳти раёсати давлатҳои аъзо 17 ҷаласаи он баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раисӣ дошта, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуда буд.

Мақоми раисӣ дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ мебошад.

Дар Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон коршиносони ватанӣ иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Май 17, 2023 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»