Дар Душанбе нахустин нишасти байналмилалии ҳамоҳангсозони миллии Агентии байналмилалии неруи атомӣ доир мешавад

Май 23, 2023 08:15

ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-26 май Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) бо мақсади густариши барномаҳои ҳамкории техникии АБНА нишасти афсарони миллии иртиботиро баргузор менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиши мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ташкил карда мешавад.

Ҷаласаи солонаи афсарони миллии робитаҳо ба такмил ва пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории техникии АБНА бахшида шуда, барои мамлакатҳои аъзо платформаи муҳим ҷиҳати ҳамкорӣ ва табодули афкор, таҷрибаи пешқадам дар татбиқи барномаҳои ҳамкории техникии АБНА мебошад. Ин ҳамоиш ба намояндагони кишварҳои аъзои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки самаранокӣ ва таъсири лоиҳаҳои ҷориро арзёбӣ кунанд, роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти пайдошударо омӯзанд ва доир ба масъалаҳои муҳимми ҳамкории техникӣ, бо мақсаду ҳадафҳои осоишта истифода бурдани илм ва техникаи ядроӣ маъруза намоянд.

Дар нишасте, ки тайи 4 рӯз дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ҳайати коршиносон, аз ҷумла афсарони равобити миллӣ, сиёсатмадорон, ходимони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони фаннӣ иштирок мекунанд. Иштирокчиён зимни баргузории ҷаласаҳои интерактивӣ, семинарҳо ва форумҳо бо ҳам мубодилаи афкор намуда, барномаҳои ҳамкории техникии АБНА ва инчунин мувофиқати онҳо бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Вазифаҳои асосии ҷаласаи мазкур, ки аз 5 бахш иборат мебошад, асосан ба уҳдадории АБНА оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва расонидани кумаки мақсаднок ба давлатҳои аъзо дар истифодаи иқтидори илм ва технологияи ядроӣ бахшида мешавад.

Натиҷаҳои вохӯрӣ дар ташаккули стратегияҳо, сиёсатҳо ва ташаббусҳои оянда, ки ба рушди осоишта ва устувори кишварҳои аъзо, аз ҷумлаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи илм ва технологияи ядроӣ мусоидат мекунад, муфид хоҳад буд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 23, 2023 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид