Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани имконияти таъмини маъюбон бо шуғл ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 май бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба «Беҳтар намудани имконияти бо шуғл таъмин намудани маъюбон ва ташкил намудани муҳити дастрас» ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, пайваста барои дастгирии ин табақаи осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад. Дар иртибот ба дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи миллии амалҳо барои тасдиқ (ратификатсия) ва амалинамоии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз 10 марти соли 2022 Гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба ҳуқуқҳои маъюбон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва шарикони рушд таъсис дод.
Гуфта шуд, ки маъюбият ҷузъи таркибии ҳолати инсон буда, қариб ҳар шахс дар ягон лаҳзаи зиндагӣ сустшавии муваққатӣ ё доимии фаъолиятро эҳсос менамояд. Маъюбият бештар гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро фаро гирифта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дида мешавад. Мувофиқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон зиёда аз як миллиард нафар, яъне беш аз 15 фоизи аҳолӣ, аз ҷумла беш аз 95 миллион кӯдак дорои ягон навъи маъюбӣ мебошад.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ, ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор шахси дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 26 ҳазор нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати одамон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар даҳсолаи охир хеле дигаргун шуда, ин раванд аз шинохти онҳо ба ҳайси мафҳуми хайргиранда, гирандаи хизматрасонии тиббӣ ва кумакпулиҳо то қабули онҳо ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ расидааст.
Дар ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами, вакили Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Ляззат Калтаева, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» Асадулло Зикрихудоев ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ иштирок доштанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Тоҷикистону Чин робитаҳои байнипарламентиро густариш медиҳанд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд






