Дар Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе масъалаи рақобати геполитикӣ ва чолишҳои сиёсӣ баррасӣ гардид

Май 25, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 25.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити кунунӣ афзоши таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризму ифротгароӣ, бархурди манфиатҳо, буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рақобатҳои геополитикӣ, чолишҳои сиёсӣ дар минтақаҳои алоҳида марказҳои таҳлилиро водор месозанд, ки ҳамкориро боз ҳам тақвият бахшанд. Ин нуктаро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати ин Марказ 22 май дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, баён дошт.

Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай дар шароите баргузор гардид, ки сиёсатмадорон ва таҳлилгарон масъалаҳои сиёсии вазъи ҷаҳонро мураккаб ва печида арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамоиши Душанбе маҳз масъалаи СҲШ ва воқеиятҳои нави ҷаҳонӣ, уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккулёбии ҷаҳони бисёрқутбӣ, сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ, хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ, дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим мавриди таҳлил ва баррасии коршиносон қарор гирифт.

Тавре қаблан хабар додем, ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор гардид, ки Форуми мазкур аз қисмати ифтитоҳӣ, ҷаласаи пленарӣ ва аз чор бахш иборат буд. Дар бахшҳои алоҳидаи он масъалаҳои мубрами вобаста ба фаъолияти СҲШ, давлатҳои узв, марказҳои таҳлилӣ ва дигар мавзӯҳо мавриди таҳлил ва баррасии таҳлилгарони марказҳои зеҳнӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ҳамаи кишварҳои узви СҲШ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз ба таври пурра дар канор будан наметавонанд. Бинобар ин, мубориза ва бартарафсозии хатару таҳдидҳо, таъмини рушди устувори давлатҳо ва таҳкими суботу амният дар доираи давлатҳои узви СҲШ дар навбати аввал ҳамкорӣ ва ҳамгироии марказҳои таҳлилиро тақозо менамояд.

Ҳамзамон баён гардид, ки Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз ба сифати яке аз созмонҳои байналмилалии пуриқтидор табдил ёфтааст, ки ин омил ба тақвияти ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда истодааст.

Ба андешаи муовини МТС Парвиз Муҳаммадзода, СҲШ аз нуқтаи назари ҳудуд ва фарогирии аҳолӣ беш нисфи аҳолии ҷаҳон ва ҳудуди ҷуғрофиро дар бар мегирад, ки ин омили дигари таваҷҷуҳи давлатҳо ба ин созмон аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсиси СҲШ пайваста ба он талош намудааст, ки қабл аз ҳама дар масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳамкориро бо кишварҳои аъзои СҲШ рушд диҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки Форуми мазкур соли 2006 таъсис ёфта, аз ҳар давлати аъзо як маркази муҳими таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол маркази миллии таҳлилии давлати аъзо ба дӯш мегирад.

Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад. Аз замони таъсис то имрӯз таҳти раёсати давлати аъзо 17 ҷаласа баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба- солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раисӣ карда, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид
Маҷаллаи «Diplomatic Society» Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Дурнамои ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Давлати Кувайт иштирок доранд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Фаронса мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд
Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт