Дар Хатлон масъалаи вазъи ҳуқуқии ҷавононро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 23.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 май дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) бо ташаббуси мақомоти Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Вазъи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиши илмии вилоятӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон доир шуда, дар он намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва омӯзгорони ҷавонон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад. Ҳамзамон Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки ба пешравию дастгирии ҷавонон дар тамоми соҳаҳо ва ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон мусоидат мекунад.
Гуфта шуд, ки имрӯз ҷавононро мебояд нисбат ба амалҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла тероризму экстремизм, нашъамандию ҷинояткорӣ бетараф набошанд. Ҳамеша ба муқобили онҳо мубориза бурда, шукронаи Ватани соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд кунанд.
Дар кори ҳамоиш намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба мавзуъҳои вазъи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтанд.
АКС: Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






