Дар машқгоҳи таълимии кӯҳии «Марғоб» машқҳои ротавӣ-тактикӣ бо ҷалби афсарону сарбозон доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тайёрии ҷангӣ ва вобаста ба татбиқи амалии Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар машқгоҳи таълимии кӯҳии «Марғоб»-и дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои ротавӣ-тактикӣ бо ҷалби афсарону сарбозони ҷузъу томи Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва гурӯҳи чорабиниҳои махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуд.
Тавре дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни машқҳои навбатӣ ҷузъу томи ҷалбгардида ба он вобаста ба ҳадафу вазифаҳои дар наздашон буда, ки асосан идора намудани амалиёти мусаллаҳона дар минтақаҳои мухталифи кӯҳӣ ва дараву мавзеъҳои касногузарро дар бар мегирад, амал намуда, тибқи матлаби пешбинигардида гӯё бо муайян намудани мавқеи паноҳбурдаи душманони шартӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва маҳалли аҳолинишин ба амалиёти тактикӣ шуруъ намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ташкили ин гуна машқҳои тактикӣ имкон медиҳад, ки хизматчиёни ҳарбии навъҳои қӯшуни Артиши миллӣ фаъолияти ягонаи корӣ ва мукаммалгардонии сохтори идоракунии муштаракро дар ҳамоҳангӣ тарҳрезӣ намоянд. Ҳамзамон ин гуна машқҳои якҷояи ҳарбӣ воситае аст, ки афсарону аскарони ҷалбгардида бо ҳамдигар табодули донишу таҷриба намуда, баҳри якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва суботу оромии минтақа омодагӣ мегиранд.
Зимни ҷамъбаст аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ ба афсарону сарбозони фаъол сипосномаву ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






