Дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз гардид

Май 26, 2023 17:28

ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» оғоз гардид. Дар доираи он бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ  баргузор  шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Иттилоъ дода  шуд, ки ҳафтаи мазкур аз 26 май то 1 июн идома ёфта, дар доираи ҳафтаи эълонгардида ташкилу баргузории барномаи фарҳангӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони Фестивал – озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», рӯйнамоии маҷмуаи шеъру ҳикояҳои иширокчиёни Форуми дуюми навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе «Килки сабз» ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи ин ҳафта мусобиқаҳои варзишӣ,  аз қабили волейбол, футболи хурд, шоҳмоту шашка, озмунҳои мусаввири беҳтарин, аксияҳои таблиғотии дастаҳои ихтиёрии «Патрулони сабз» ва «Нозирони навраси ҳаракати роҳ», саёҳати пиёдагардӣ, барномаҳои фарҳангии сайёр барои таълимгирандагони мактаб – интернатҳои ҳудуди пойтахт ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.

Таъкид шуд, ки «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» 1 июни соли 2023 дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузории намоишу ҳунару эҷод, бозиҳои фароғативу дилхушкунанда ва барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ дар Боғи кӯдакони пойтахт натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда мешавад.

 

АКС: «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»

Май 26, 2023 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд