Дар Руанда шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон то ба 130 нафар расид
ДУШАНБЕ, 06.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати рӯзи панҷшанбе шумораи қурбониёни обхезӣ ва ярч дар Руанда ба 130 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи ин давлат гуфта шудааст.
Дар натиҷаи офатии табиӣ 77 нафар зарар дида, 36 тани дигар дар беморхона бистарӣ ва 5174 хона хароб шудааст.
Сарвазири Руанда Эдуар Нгиренте ва дигар намояндагони ҳукумат рӯзи панҷшанбе ҳамроҳ бо сокинони ноҳияи Рубавуи вилояти ғарбӣ хотири қурбониёни обхезӣ ва ярчро, ки дар натиҷаи боронҳои пуршиддат чанде қабл дар Руанда ба амал омада буд, гиромӣ доштанд.
Зимни суханронӣ дар маросими дафн Э.Нгиренте ваъда дод, ки ҳукумат ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида кумак хоҳад расонд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






