Дар вилояти Суғд Дави миллӣ доир карда мешавад

Май 19, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 19.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ​ ҳамасола 23 май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, 21 май дар вилояти Суғд​ Дави миллӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Мусобиқаи варзишӣ дар маркази вилоят —​ шаҳри Хуҷанд​ 21 май, соати 07:00 аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев​ доир мешавад.

Ҳамзамон бо назардошти оммавият, рушди намуди варзиши велосипедронӣ дар мамлакат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба он 21 май пеш аз оғози баргузории Дави миллӣ марафони велосипедронӣ дар назар дошта шудааст.

Мақсад аз баргузории мусобиқа-  таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, барои солимӣ ва оммавияти варзиш баргузор карда мешавад. ​ Он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 19, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад