«ДУНЁИ САОДАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 16.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 15 май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони «Дунёи саодат» даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал роҳбарияти Вазорати фарҳанг иброз намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгириву ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои мамлакат баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Баргузор гардидани силсилаи барномаҳои фарҳангӣ ифодагари ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат»- рушд додани фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ ва зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни онҳо мебошад.
Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода иштирок намуда, аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Дар фарҷоми фестивал ба ҳамаи иштирокдорон Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба шарикону гурӯҳи кории фестивал сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






