ФАО: ҳамлаи малахҳо ҳосил дар Афғонистонро зери хатар мегузорад

Май 14, 2023 14:49

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) аз ҳамлаи бузурги малахи Марокаш ба ғаллазори  ҳашт музофоти шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон  ҳушдор  дод, иттилоъ медиҳад «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба сомонаи СММ.

Малахи марокашӣ яке аз зараррасонҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ хатарнок дар саросари ҷаҳон мебошад. Ҳамлаи малах имсол метавонад аз 700 000 то 1,2 миллион тонна гандум ё ҳатто чоряки тамоми ҳосили солонаро аз даст диҳад. Ин ба талафоти иқтисодии аз 280 то 480 миллион доллар баробар аст.

Афғонистон имрӯз бузургтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад – аз се ду ҳиссаи аҳолии ин кишвар- 28 миллион нафар имсол ба ёрии таъҷилӣ ниёз дорад. 97 фоизи афғонҳо дар сатҳи камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд. Дар баробари ин СММ танҳо 6,4 фоизро аз маблағи 4,6 миллиарддолларӣ, ки имсол барои кумак ба афғонҳо дархост шудааст, ба даст овардааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 14, 2023 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад