Финали Лигаи минтақавии ҷудо моҳи декабр доир мегардад

Май 21, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 21.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи финалии мусобиқаи байналмилалии Лигаи минтақавии ҷудо бо иштироки Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» аз Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд. 

Мусобиқа байни 7 клуб аз Русия ва 1 клуб аз Тоҷикистон, ки 8 июл ба нақша гирифта шуда буд, аввали зимистон дар Москва баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа ин дастаҳо- «Ахмат» (Грозний), СОРБИС (Москва), “Урал-Сибири Ғарбӣ”, “Родина” (ҳар ду аз Екатеринбург), “Локомотив Грин Хилл” (Налчик), “Явара-Нева” (Санкт-Петербург), «Ҳоҷӣ Шариф» (Душанбе) ва «Динамо» (Уфа) иштирок мекунанд.

Ин дастаҳо бояд ғолиб ва соҳибони ҷоизаҳои пулиро муайян кунанд, ки дар байни ҳашт клуб тақсим карда мешавад ва маблағи аз ҳама бештар ба чемпион тақдим мешавад. Мусобиқаҳои марҳилаи финалӣ тибқи системаи олимпӣ бидуни қувваозмоиҳои такрорӣ баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Май 21, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид