ХИЗМАТРАСОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ. «Саноатсодиротбонк» дар самти муомилоти ғайринақдӣ бо мизоҷон вохӯриҳои муштарак мегузаронад

Май 26, 2023 12:04

ДУШАНБЕ, 26.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар доираи тадбирандешӣ ҷиҳати гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ ва истифода аз замимаи ССБ-мобайл бо гурўҳи мизоҷон пайваста  вохӯрию суҳбатҳо  баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур. 

Дар вохўрии навбатӣ барои аз худ намудани ин хизматрасонӣ 20 нафар соҳибкорон-мизоҷони Бонк ба бинои филиал даъват шуданд. Аз ҷониби мутахассисон дастгоҳи марказии Бонк ва филиал осонии кор бо замимаи ССБ-мобайл ва анҷом додани хизматрасониҳои гуногун тариқи замимаи мазкур фаҳмонида шуд. Ба телефонҳои ҳамроҳи  ҳамаи иштирокчиён замимаи ССБ-мобайл боргирӣ шуда,  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки тариқи замимаи ССБ-мобайл зиёда аз 180 намуди амалиётҳо гузаронида мешавад. ССБ-мобайл осон,  қулай ва дорои имкониятҳои васеи анҷомдиҳии амалиётҳои бонкиро фарогир аст.

Ҳадафи асосии  ташкили чунин вохўриҳо гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ, дастрасӣ  ба хизматрасонии муосир ва кор бо замимаи ССБ-мобайл барои қавитар гардидани муошират  бо мизоҷон  мебошад.   Даст кашидан аз муомилоти нақдӣ ва анҷом додани ҳамагуна амалиётҳо бо муомилоти ғайринақдӣ тақозои замон буда,  корро барои муштариён осон мегардонад.

АКС: «Саноатсодиротбонк»

Май 26, 2023 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1093 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд