КӮДАКОН-ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ. Дар шаҳри Норак ба кӯдакони маъюб туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд

Май 31, 2023 13:57

НОРАК, 31.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  ҳифзи кӯдакон (1 июн) масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳр туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи насли наврас — қувваи бузурги мамлакат мақоми хоссаро доро аст. Зеро ояндаи давлату миллат ба насли наврас вобаста мебошад.

Муовини Раиси шаҳри Норак  Зуҳро Ҳакимзода иброз дошт, ки «ҳамасола 1 июн дар саросари олам Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳисобида мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд».

Бояд иброз намуд, ки дар тамоми дунё ба масъалаи тарзи  ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати молиявӣ ба таври зарурӣ таъмин будани онҳо, фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо ҳамчун пояи асосии ояндасози миллат аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Май 31, 2023 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад