КОРРУПСИЯ – ВАБОИ АСР. Бо мақсади пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб дар Хадамоти гумрук вохўрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.05.2023/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба содир намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар вохӯрии кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар дар Хадамоти гумрук.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён ва муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия Қиёмиддин Насрутдинзода доир ба бартараф намудани омилҳое, ки ба содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд, маърӯза намуданд.
Инчунин масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаи 661 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешбинишударо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.
Таъкид шуд, ки хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти гумрукро мебояд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматияшон аз хавфҳои коррупсионӣ пешгирӣ намуда, ба он роҳ надиҳанд.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони мутамаддин, коррупсия дар радифи терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуроти номатлубро гиранд. Дар ин росто, фасод ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф гардидааст.
Таъкид шуд, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз дар ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Парлумони мамлакат муборизаи дастаҷамъонаро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеаро қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ба ору номус меҳисобанд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






