Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон — ордени «Алтин Қирон» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 04.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон «Алтин Қирон» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор доранд, баргузор гардид.
Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама, ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.
Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд






