Микробҳое пайдо шудаанд, ки пластикро дар ҳарорати паст вайрон мекунанд

Май 14, 2023 10:27

ДУШАНБЕ, 14.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Алп ва Заполярйе микробҳое ёфт шудаанд, ки метавонанд пластикро дар ҳарорати паст нобуд созанд. Ин метавонад роҳи ҳалли мушкилоти азими истифодаи партовҳои пластикие гардад, ки дар партовгоҳҳо ҷамъ шуда, уқёнусҳои ҷаҳонро бастаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АБИ  «Казинформ» бо истинод ба ВВС хабар додааст.

Дар бораи бактерияҳое, ки метавонанд пластикро дар ҳарорати аз 30 дараҷаи Селтсий баландтар вайрон кунанд, қаблан маълум гардида  буд. Аммо барои истифодаи онҳо дар саноат неруи зиёд зарур аст ва ин хеле гарон буда, боиси партофти газҳои гулхонаӣ ба атмосфера мегардад.

Ҳоло олимони Донишкадаи федералии Швейтсария WSL микроорганизмҳоеро муайян кардаанд, ки пластикро дар ҳарорати 15 дараҷаи Селсия таҷзия карда метавонанд, ки ин роҳи инқилобӣ барои коркарди дубора мебошад.

Биолог Ҷоэл Рюти ва ҳамкасбони ӯ пораҳои пластикеро мушоҳида карданд, ки дар тӯли як сол дар сатҳи замин ё дар замини қаламрави Гренландия, архипелаги Шпитсберген ва Алпҳои Швейтсария меистоданд.

Олимон пас аз мушоҳидаи яксола аз ин пластик 34 навъи гуногуни микроб: 19 бактерия ва 15 занбурӯғро чамъ карданд.

 Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Май 14, 2023 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад