«МОҲИ САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ». Омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба машғулият фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» ва Ҳафтаи байналмилалии «Global Money Week 2023» ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Дар ҷараёни машғулияти омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисони ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ба иштирокдорон дар бораи нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имконияти иқтисодии давлат ва субъектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт маълумоти мукаммал дода шуд.
Баргузории чунин машғулият ба омӯзгор-занони муассисаҳои таълимии шаҳр имкон медиҳад, ки донишҳои аз худнамудаи худро ба хонандагон расонанд.
Ҳадафи машғулият — расонидани донишҳо оид ба идораи оқилонаи пул, сарфаҷӯӣ, аҳамияти пардохти ғайринақдӣ, маълумот дар бораи вазъи иқтисоди миллӣ, аҳамияти қарз ба рушди тиҷорат ва ғайра ба воситаи омӯзгорон ба хонандагон мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






