Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Беларус иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Назария ва амалияи раванди интихобот», ки аз 24 то 26 майи соли равон дар Ҷумҳурии Беларус доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Беларус ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шуд.
Дар кори конфронс роҳбарони ҳарду палатаи парлумон, Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Беларус, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Беларус, вакилони парлумонҳои Беларус ва кишварҳои хориҷӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва маъмурӣ, олимон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи интихобот ва намояндагони мақомоти марказии интихоботии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории конфронс табодули таҷриба дар самти омодагӣ ва баргузории маъракаҳои интихоботӣ ва такмили қонунгузории интихобот, истифодаи технологияҳои муосири интихоботӣ, таъмини соҳибихтиёрии интихобот ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Иштирокдорон дар маърузаҳои худ аҳамияти мавзӯи конфронсро таъкид намуда, баён доштанд, ки раванди интихобот ҳамчун воситаи дахолат ба корҳои дохилии давлатҳо, тағйир додани низоми мавҷудаи сиёсӣ ва векторҳои рушд истифода мешавад. Барои ин аз пешрафтҳои соҳаи назария ва амалияи инқилобҳои ранга истифода бурда, камбудиҳои қонунгузории миллӣ фаъолона истифода мешаванд. Дар чунин шароите, ки демократияи ҳақиқӣ ба даст оварда шуда, ризоияти чамъиятӣ, сулҳи гражданӣ ва давомнокии наслҳо таъмин карда шудааст, танҳо ҳамон давлатҳо метавонанд зинда монанд, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолиятро пойдор созанд.
Таъкид карда шуд, ки иштироки бештари ҷавонон ба равандҳои интихобот низ муҳим аст. Маҳз насли наврас бояд дар ҳимоят аз истиқлолияти миллӣ андешаи арзандаи худро бигӯяд. Ин кори мунтазами ҳам давлат ва ҳам субъектҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо мекунад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид






