«НОЗИРОНИ НАВРАСИ РОҲ». Дастаи мактаби рақами 7-и шаҳри Хоруғ ғолиби озмун гардид

Май 28, 2023 10:19

ХОРУҒ, 28.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр ва шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии рақами ҳафт озмуни «Нозирони навраси роҳ» баргузор гардид. Мақсади озмун аз пешгирӣ ва коҳиш додани садамаҳо дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ иборат буд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Муовини сардори Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ Силтолӣ Силтолиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мукаммал намудани савияи дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир ба  бехатарии ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва таъмини ҳифзи ҳаёту саломатии кӯдакону наврасон аз садамаҳои роҳу нақлиётӣ ҳамасола дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин озмун гузаронида мешавад. Нозирони наврас дар баробари донишҳои назариявӣ доир ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин ҳамроҳ бо нозирони БДА дар роҳҳои автомобилгард маҳорату истеъдоди худро ба  таври амалӣ нишон медиҳанд».

Соли равон муассисаи таълимии рақами ҳафтуми шаҳри Хоруғ ғолиби озмун дониста шуд ва шуъбаи Раёсати корҳои дохилӣ дар Виояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар роҳҳои нақлиётии шаҳри Хоруғ машқи амалӣ баргузор намуда, омодагии гурӯҳи нозирони навраси роҳро ба озмуни  ҷумҳуриявӣ бори дигар санҷид.


Ба гуфтаи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, ин кӯдакону наврасон аз ҷиҳати назариявӣ дониши хуб доранд, аммо аз ҷиҳати амалӣ зарур аст, ки дар машқҳои мукаммали тактикӣ бештар иштирок намоянд. Худи наврасон  низ бар ин ақида ҳастанд, ки омӯхтани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ба таври  назарияӣ барояшон осонтар аст, аммо барои дар амал санҷидан ин донишҳо муҳлати бештар талаб мекунанд. Дар роҳи мошингард рост истодану ба воситаи чӯбдастаи раҳнамо ба танзим даровардани ҳаракати мошинҳову пиёдагардон ҳарчанд кори саҳлу сода нест, аммо барои нозирони наврас ин амал хеле хушоянду шавқовар аст. Ронандагон низ ба ҳар ишораи кӯдакон итоат мекарданд ва бо табассум ҳуҷҷатҳои ронандагии худро ба нозирони наврас нишон медоданд. Дар аснои машқи амалӣ нозирон ба ронандагону пиёдагардон   дастур оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тақдим менамуданд. Ин яке аз шартҳои асосии озмун ба шумор рафта, ҳар қадар нозирони наврас дар паҳн намудани варақаҳои тарғиботии бехатарии ҳаракат дар роҳ иштирок  намоянд, ҳамон қадар афзалимяти бештар дар ин озмун ба даст меоранд.

Ин машқи амалӣ  дар яке кӯчаҳои серҳаракати роҳ сурат гирифт ва пас аз он дар майдончаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят нозирони наврас шартҳои дигари озмун, аз ҷумла сафороӣ, бо низом қадам задан, амру фармон доданро иҷро намуданд. Дар ҳамин ҷо ба нозирони наврас роҳхат  ба озмуни ҷумҳуриявӣ супорида шуд.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Май 28, 2023 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт