Раҷаббой Аҳмадзода Раиси Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Раиси нави Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзои федератсия иштирок карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо овози якдилонаи ҳозирин Раиси Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба ҳайси муовини раиси Федератсия интихоб гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода пас аз интихоб шудан иброз дошт, ки таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда истодааст.
Яке аз намудҳои варзиш, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, камонварӣ мебошад. Камонварӣ навъи варзишест, ки аз қадимулайём гузаштагони мо ба он машғул мешуданд. Бо супориши Пешвои миллат барои аз нав эҳё ва рушд додани камонварӣ ҳоло ҳама корҳои зарурӣ анҷом дода шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд, ки ба рушду равнақи ин намуди варзиш замина мегузорад.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе низ чунин мактаби махсуси камонварӣ ба истифода дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






