«РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ». Таҳти ин унвон дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад

Май 15, 2023 15:49

ДУШАНБЕ, 15.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, хусусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори конфронс баррасии масъалаҳо вобаста ба афзалияти соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, обҳои шифобахш-омили рушди сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳҳои рушди инфрасохтор дар Бадахшон, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ ва шикор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар самтҳо дар назар дошта шудааст.

Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ тазаккур доданд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидан ва ҷиҳати сари вақт омода намудани Барномаи конференсия  вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда ному насаби баромадкунанда ва номи маъруза то 10 июни соли 2023 ба Кумитаи тадорукоти конференсия бояд ирсол карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 15, 2023 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд