Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Май 5, 2023 09:40

ДУШАНБЕ, 05.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».

Эмомалӣ Раҳмон

Чаро ба таваккалу тақдирсолорӣ майл зиёд аст?

Нашрияи «Ҷумҳурият» дар шумораи навбатӣ (№91 аз 2 майи соли 2023) хабарҳо аз ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзиширо чоп карда, бахшида ба зодрӯзи шоири маҳбуб, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо сарлавҳаи «Ба мисли гӯшту нохун бо Ватан буд» мақола чоп кардааст. Муаллифи мақолаи «Сада ва гиромидошти оташ» Зафар Мирзоён навиштааст, ки «боиси ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси миллӣ: Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро ҳамчун ҷашнҳои миллии ҳувиятсози мо эълом дошта, барои гиромидошти бошукуҳи онҳо тадбирҳои амалӣ меандешанд. Дар ҳақиқат, барои ҳифзу  поянда нигоҳ доштани ин ҷашнҳо, ки дар роҳи худогоҳии миллӣ аҳамияти муҳим  доштанду доранд, фарзонагону донишмандони мо дар ҳар давру замон кушишҳои зиёд намуда, ҳатто ҷон ба гарав гузоштаанд». Муаллиф дар тақвияти фикри худ чунин гуфтааст: « Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои калони ҷумҳуриявӣ бахшида ба ин оини ниёкон шахсан иштирок менамоянд ва мардуми мамлакатро водор месозанд, то аз бузургдошти ин ҷашнҳо бардоштҳои зиндагисоз дошта бошанд. Дар истиқболи ин оинҳои миллӣ дар баробари худнигарӣ ба гузаштаҳои дури фарҳангии ниёгони худ корҳои зиёди ободонӣ ва созандагӣ анҷом диҳанд. Бад-ин тартиб дар бунёди давлати миллӣ, баҳри тарбияи мардум ва пайдо намудани тасаввуроти шоиста  оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯйи пешравиҳои минбаъда яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад». Воқеан ҳам андешаҳои донишманд Зафари Мирзоён дар мавриди гиромидошти арзишҳои миллӣ шоистаи таҳсин ва қобили қабул мебошад.

Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» аз 3 майи соли 2023 бо Сухани рӯз аз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пешкаши хонандагон шудааст: «Мо эълон медорем, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро бар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкории судманд густариш диҳад».

Мақолаи «Далер бошему тавоно» дар ҳамовозӣ ба мақолаи профессор Саймумин Ятимов «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад» навишта шудааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки мақолаи профессор Саймумин Ятимов дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 декабри соли 2022 навишта шудааст. Профессор С. Ятимов дар ин мақола навишта буд, ки  «бузургтарин фоҷиаҳое, ки дар тӯли асрҳо ба сари миллати тоҷик омадаанд, аз зарфияти камтарини дарки оммаи мардум дар қиболи воқеияти ҳастӣ сарчашма мегиранд. Одамон тақдири имрӯза ва фардои худро на ба қудрат, тавоноӣ, воқеият, имконоти инсонӣ, ҳолат ва вазъияти ақлонии мавҷудоти соҳибтафаккур, балки ба он тахминҳо ва ҷаҳонбиниҳое ҳавола мекунанд, ки аз доираи мавҷудоти моддӣ берунанд». Иқрор ҳам бояд шуд, ки дар ҷомеаи илмӣ-фарҳангии имрӯза зиёиёни мо барои бозгӯи ҳамин масъала ба таври ҷиддӣ андешаронӣ ҳам нанамудаанд ва дар ҳидояти ҷавонон ба роҳи рост камтар талош кардаанд. Аз ин рӯ, муаллиф ин саволи муҳимро матраҳ мекунад: «Барои чӣ, ҳадди ақал, дар Осиёи Миёна ва умуман, Осиёи Марказӣ, миллати тоҷик нисбат ба дигар халқияту миллатҳо майли зиёдтар ба таваккалу тақдирсолорӣ дорад?». Хонандагони  «Ҷумҳурият»-ро дар ин шумора ҳамчунин мақолаву матлабҳои ҷолиби дигар мунтазиранд.

Қабул гардидани Қонуни нав дар бораи Палатаи ҳисоб

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 3 майи соли 2023 шумораи 59, оид ба мулоқоти Пешвои миллат бо Президенти ФИФА ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК), суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Ҷованни Инфантино ва маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат хабарҳои муфассали расмӣ нашр кардааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкур оид ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум мақола чоп шудааст. Дар ин ҷаласа баъд аз муҳокимаи парлумонӣ Қонуни нав дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҷаласаи парлумонӣ таъкид карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб» дар таҳрири нав дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ва ба хотири иҷрои масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст. Қонуни мазкур ба амалӣ шудани ҳадафҳое, ки вобаста ба маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва рушди сайёҳӣ, ки дар «Созишномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030» пешбинӣ гардидаанд, мусоидат хоҳад кард.

Вилояти Хатлон барои бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин намудани бозори истеъмолӣ имконияти зиёд дорад

Нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» оид ба сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон гузориши муфассал чоп карда, матни суханронии Пешвои миллатро зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон нашр кардааст. Сарвари давлат, аз ҷумла таъкид кардаанд, ки «тибқи пешгӯии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки дар чунин вазъият ба рушди соҳаи кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар диққати аввалиндараҷа дода, кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро боз ҳам зиёд кунем ва бозори истеъмолии мамлакатро дар ҳама фаслҳои сол бо маводи озуқа таъмин намоем. Таъкид менамоям, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон, ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегардад. Дар чунин шароит танҳо бо саъю талоши ҳарчи бештари ҳар шаҳрванди мамлакат ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, аз ҷумла обу замин мо метавонем ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ муваффақ гардем».

Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Фуруғ»дар шаҳри Хоруғ

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба фаъолияти ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хабару гузоришҳо чоп кардааст. Аз ҷумла, хабар дар бораи Конференсияи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ваҳдат, баргузор шудани Рӯзи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии ҳизб бо номи «Фуруғ»дар шаҳри Хоруғ, конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – кафолати зиндагии шоистаи тамоми сокинони сайёра» хабарҳоро пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин нашрия мақолаҳои   «Паёми Президент ва моҳияти ватандӯстонаи он», «Маориф – омили таъмини пойдории давлату миллат», «Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд…», «Дарёфти роҳҳо ва абзори истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ» ва дигар маводи матбуотиро ба хонанадагони худ пешкаш кардааст.

Акрам САНГ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2023 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон бо фаъолзанони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад
Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд
Ҷавонони тоҷик дар омӯзиши забони хориҷӣ аз Барномаи FLEX самаранок истифода мебаранд
«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд